Август 03, 2022 10:51 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Чароӣ террори Ийман-Ал-Завоҳирӣ ва қаҳрамонсозии Байден аз як баргаи сухта

То пеш аз ин,ки хабари террори Ийман-Ал- Завоҳирӣ раҳбари Ал-Қоида дар балкони маҳали масмкунии худ дар минтақаи дипламатики Кобул пойтахти Афғонистон мунташир шавад муддатҳо буд, ки ҳеҷ хабаре аз ин созмони ва Ал-Қоида набуд ва ҳар вақт исме аз гурӯҳҳои такфирӣ ва террористи ном бурда мешуд ба ДОИШ ишора мешуд. Бинобарин дар амал Ал-Қоида ва масъулони он аз ҷумла Ийман-Ал-Завоҳирӣ ба муҳраи сухта табдил шуда буданд.

Бар ин асос аввалин саволе,ки дар хусусӣ террори Ийман-Ал- Завоҳирӣ ва бар роҳ андохтани таблиғоти густарда дар қиболи он вуҷӯд дорад ин аст, ки Амрико чӣ ҳадаф ё аҳдофиро аз ин масъала дунбол мекунанд ва чаро дар ин мақтаъи замонӣ  ба ин иқдом даст задааст?

Дасти кам  ба чаҳор омил метавон дар ин замина ишора кард , ки ҳар як бахше аз аҳдофи Амрикоро дар ин замина ошкор мекунад:

Нахуст инки тайи чанд рӯзи гузашта хабарҳое аз вурӯди иқтисоди Амрико ба рукуд мунташир шуда буд ва агар чӣ ҳизби ҳокими демократ аз пазирӯфтани ин мавзӯъ тафраҳа мерафт аммо оморҳои мунташир шуда дар ин замина комилан гуёст ва ба эътиқоди ағлаби коршиносон чунин иттифоқи рӯй додааст, ва бо таваҷҷӯҳ ба ҷанги Украина ҳеч чашмандози рушане ҳам барои бурун рафт аз он дар кутоҳ муддат дида намешавад. Аз ин манзур қатл ва террори Ийман-Ал- Завоҳирӣ ва таблиғи густардае ноши аз он,ки бо бознамоии ҳаводиси 11-уми  сентябр ҳамроҳ буд ин коркардро барои Амрико ба ҳамроҳ дошта, ки зеҳни афкори умумии дохилиро аз масоил ва мушкилоти иқтисодии дохилӣ ва масоили амниятӣ ва бурун марзӣ мунҳариф кунад. Аз ин дид бо таваҷҷӯҳ ба идомадор будани мушкилот ва бӯҳрони иқтисодии Амрико, қатл ва террори Ийман-Ал-Завоҳирӣ  метавонад бахше аз як пружаи амниятӣ бошад ва лизо метавон мунтазири ҳаводисе аз ин даста ва ё ҳар иқдоме, ки битавонад зеҳни мардумро аз масоили дохилӣ ба беруни мунҳариф кунад, буд.

Ҳадафи дуввуме, ки метавон дар ин росто ба он ишора кард коҳиши маҳбубияти шахси Ҷу Байден ва заъиф ва нотавонии ҷисмии ӯ ба хусус баъд аз ибтило ба Короност, ки баъд аз сафар ба Исроил ва Арабистон итифоқ уфтод ва ҳарфу ҳадҳисҳои ҷадиде низ ба ҳамроҳ овард. Аз ин дид Ҷу Байден бо эъломи ин,ки фармони қатли Ийман-Ал- Завоҳириро шахсан содир карда хостааст зимни ироаи чеҳраи қудратманд аз худи моҷарои  Барак Обамаро дар қатл ва террори Бен Лоден ва моҷарои Трампро дар ҷараёни қатл ва террори Абубакри Бағдодӣ раҳбари ДОИШ такрор кунад.  Аз ин дид гӯё худи Байден низ ба ин натиҷа расидааст, ки ин охирин давраи раёсват ҷумҳӯрии вай хоҳад буд ва лизо хостааст мероси ҳамчун Обама ва Трамп дар қатли раҳбарони Ал-Қоида ва ДОИШ аз худ ба ҷой гузорад.

Далел ё ҳадаф аз қатл ва террори Ийман- Ал- Завоҳирӣ дар ин мақтаъи замонӣ метавонад дар пеш будани интихоботи миёндавраии  кунгере бошад. ки тибқи гузоришоти мавҷуди демократҳо вазъияти матлубе надоранд ва аз ин дид ҳадаф аз ин қатл ва террор таҳияи як барги интихоботи аст балки мавқеъияти ҳизби ҳокими демократҳоро тармим ва тақвият кард.

Дар ниҳоят дар бораи далел ва ҳадафи чаҳорум метавон гуфт, ки яке аз иродҳои ворида бар сиёсати хориҷии Байден ин буд, ки ҳазинаҳои триллиард доллари Амрикоро дар ҷанги Афғонистон бар бод дод ва бо хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ, ин кишварро ба ҳампаймонони Ал-Қоида дар дохил ва ба руқабои Амрико дар хориҷ таҳвил дод.  Аз ин дид Амрико ва Ҷу Байден аз террори Ийман-Ал- Завоҳирӣ  дар пайи илқои ин паём буда, ки бозигарии худро ҳамчунон  дар таҳаввулоти Афғонистон ҳифз карда ва дар айни ҳол талош кардааст чунин вонамуд кунад, ки Толибонро низ дар ин моҷаро бо худ ҳамроҳ созад  ба хусус ин, ки террор билофосила баъд аз он рӯх дод, ки Амрико бахше аз дороиҳои булук шудаи Афғонистонро дар ҷиҳати костан аз фишорҳои иқтисодии ин кишвар озод кард ва аз ин дид ин террор метавонад назири ин раҳосозӣ бошад.