Апрел 15, 2018 18:35 Asia/Dushanbe
  • Мардум ва аҳзоби Тунис таҷовуз ба Сурияро маҳкум карданд

Шуморе аз шаҳрвандони тунисӣ бо баргузории таҷаммуе дар пойтахти ин кишвар, ҳамбастагии худро бо Сурия дар баробари таҳоҷуми золимонаи Амрико, Фаронса ва Британия эълом карданд.  

Ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ, истиқомат ва пойдории миллат, давлат ва артиши Сурияро таҳсин карданд.  

Таҷаммуъкунандагон ҳамчунин ҳамдстии баъзе кишварҳои арабӣ ба вижа кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форсро бо қудратҳои истеъморгар ва гурӯҳҳои террористӣ барои решакан кардани муқовимат ва пойдорӣ дар минтақа, маҳкум карданд.  

Амрико, Фаронса ва Британия шанбе бидуни муҷаввизи Шӯрои амният ва ба баҳонаи воҳии ҳамлаи химиявии Димишқ ба Дума, ҳамалоте ҳавоӣ ва таҷовузкорона ба хоки Сурия доштанд.

 

Барчасп

Назарҳо