Октябр 14, 2018 13:30 Asia/Dushanbe
  • Ултиматуми Туркия ба Арабистон дар бораи тафтиши консулгарии Арабистон ё ихроҷи дипломатҳо

Туркия ба дипломатҳо ва консулии Арабистони Саудӣ ултиматум дод, ки дар сурати мухолифат бо вуруди бозпурсони ин кишвар ба консулгарӣ ва иқоматгоҳи онон, бояд Истамбулро тарк кунанд.

Ба гузориши рӯзномаи “Йени Шафақ”-и Туркия, мақомоти ин кишвар ба Риёз то поёни имрӯз якшанбе мӯҳлат додаанд, ки ба бозпурсони туркияӣ иҷозаи вуруд ба консулгарии Арабистон ва иқоматгоҳи консулро, ки дар масофаи 300-метрии консулгарӣ аст, бидиҳад, дар ғайри ин сурат дипломатҳо ва консули Саудӣ аз Истамбул ихроҷ хоҳанд шуд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, бозпурсони туркияӣ ҳаргиз ба тафтиши дафтари консулгарӣ ва манзили консул иктифо нахоҳанд кард, балки ба ҷустуҷӯи ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва нависандаи мунтақиди Саудӣ, дар тамоми манотиқе, ки худравҳои консулгарӣ ҳамзамон бо нопадид шудани Хошуқҷӣ дида шудаанд, идома хоҳанд дод.

Пеш аз ин Мавлуд Човушоуғлу, вазири хориҷаи Туркия дар Лондон, Арабистонро ба ҳамкорӣ накардан бо Туркия дар бораи ин парванда муттаҳам карда буд.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзи сешанбе 2 октябр (2018) пас аз вуруд ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул барои гирифтани мадорики лозим барои издивоҷ бо як зани турк нопадид шуд.

Номи Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ дар феҳристи афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Саудӣ қарор дошт. Вай аз бими дастгир шудан дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.