Сентябр 18, 2019 19:14 Asia/Dushanbe
  • Дархости кумаки Арабистони Саудӣ аз Кореяи Ҷанубӣ барои тақвияти падофанди ҳавоӣ

Арабистони Саудӣ аз Кореяи Ҷанубӣ барои тақвияти падофанди ҳавоӣ дархости кумак кард.

Ба гузориши “Форс”, Мун Ҷае-ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ дар рӯзи чаҳоршанбе ва дар иртибот бо ҳамлаи паҳподии ахир ба таъсисоти нафтии Саудӣ телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Бар асоси ин гузориш, раҳбарони ду кишвар дар ин гуфтугӯ бар тақвияти ҳамкориҳо барои муқобила бо “иқдомоти террористие монанди ҳамлаи ахири паҳподӣ ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ” таъкид карданд.

Раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ва Бин Салмон ҳамчунин бар аҳамияти посухи муштарак дар қиболи масоил ва буҳронҳои байналмилалӣ таъкид карданд.

Мун Ҷае-ин ба Бин Салмон гуфт, ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ на танҳо таҳдиде барои Кореяи Ҷанубӣ, балки барои кулли ҷаҳон аст ва ниёз аст ҷомеаи байналмилал ба ҳалли ин масъала талош варзад.

Мун Ҷае-ин ҳамчунин бар ҳимояти Сеул аз талошҳои ҷаҳонӣ барои решакан кардани терроризм ва иқдомоте, ки боиси ихтилол дар раванди амнияти энержии ҷаҳон мешавад, таъкид карда гуфт, ки чунин иқдомоти таҳдидомез набояд дигар анҷом шавад.

Муҳаммад бин Салмон низ дар ин гуфтугӯ хостори рӯйкарди ҳамоҳанги ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳаллу фасли ин мавзуъ шудааст.

Ба дунболи ҳамалоти ҳавоии зиёди нерӯҳои яманӣ ба хоки Арабистони Саудӣ, бархе мунтақидони Муҳаммад бин Салмон, сомонаи заифи падофанди ҳавоии ин кишвар бо вуҷуди ҳазинаҳои ҳангфт барои онро, ба боди интиқод гирифтаанд.

 

 

 

 

Барчасп

Назарҳо