Октябр 23, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • 500 террорист аз зиндоне дар шимоли Сурия фирор карданд

Вазири дифои Русия эълом кард: Ҳудуди 500 террорист аз зиндоне дар шимоли Сурия фирор карданд.

Ба нақл аз ИРНА, Сергей Шойгу дар маҷмаи хабарнигорон дар Сочи афзуд: Барои ду рӯз нигаҳбонон зиндонҳоро дар шимоли Сурия тарк карданд ва боис шуданд наздик ба 500 террорист фирор кунанд.

Вай бо баёни ин, ки онҳо ҳамакнун ба дунболи ёфтани фирориҳо ҳастанд гуфт: Теъдоди кунунии пулиси низомии Русия барои гаштзанӣ дар манотиқи шимоли Сурия кифоят мекунад, аммо ниёз ба адавоти низомии бештар доранд.

Шойгу пештар гуфта буд, ки дар амалиёти низомии артиши Туркия дар шимоли Сурия 12 зиндон дар ин манотиқ бидуни нигаҳбон мондаанд.

 

Барчасп

Назарҳо