Ноябр 25, 2019 19:27 Asia/Dushanbe
  • Хориҷ шудани се русто дар Идлиби Сурия аз ишғоли террористҳо

Се русто дар Идлиби Сурия аз ишғоли террористҳо хориҷ шуд.

Артиши Сурия дар ҳафтаи ахир бо тавсеаи амалиёти низомии худ дар устони Идлиб рустоҳои Умул Халохил, Заҳра ал Зарзур ва ас Сайрро дар атрофи шаҳри Идлиб пас аз 5 сол ишғол аз даст террорист хориҷ кард.

Ба гузориши ИРНА,террористҳо бо ҳимояти бархе кишварҳои ҳамсояи Сурия дар соли 1394 тайи амалиёте устони Идлиб дар наздики марзи ин кишвар бо Туркияро ишғол карданд.

Дар ҷараёни амалиёти низомиёни Сурия барои озодии рустоҳои мазбур, шуморе аз террористҳо кушта, силоҳ ва таҷҳизоти онон низ нобуд шуд.

Нируҳои артиши Сурия рӯзи гузашта низ тайи як даргирии шадид бо террористҳои Ҷабҳаи Аннусра, рустои ал Муширафаҳ дар ҷануби шарқи Идлибро аз дасти террористҳо хориҷ карданд ва имрӯз дар идомаи амалиёти худ дар манотиқи атрофи ин русто бахшҳое аз онҳоро озод карданд.

Ин кишвар бо дархост аз бархе кишварҳои дӯст, монанди Русия ва Эрон ва истифода аз машваратҳои онҳо муваффақ шуд то наздик ба 90 дарсад аз хоки Сурияро аз ишғол террористҳо хориҷ кунад.

 

Барчасп

Назарҳо