Январ 22, 2020 21:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори Ҳания бо Маҳатҳир Муҳаммад дар Малайзия

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии ҲАМОС дар сафар ба Путраҷая, пойтахти идории Малайзия бо Маҳатир Муҳаммад, нахуствазири ин кишвар дидор кард.

Маҳатҳир Муҳаммад дар дафтари кор худ дар Путраҷая, пойтахти идории Малайзия пазирои Исмоил Ҳания ва ҳайати ҳамроҳи ӯ будааст.

Ба гузориши “Форс”, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломӣ (ҲАМОС) дар дидор бо Маҳатҳир Муҳаммад аз ӯ ба хотири талошҳояш ба манзури эҷоди идеяҳои ҷадид дар ҷаҳони Ислом, баргузории нишасти ахири Куала Лумпур ва идомаи ҳимоятҳои нахуствазири Малайзия аз мардуми Фаластин ташаккур кард.

 Исмоил Ҳания дар ин дидор таъкид кард, Малайзия як ҷойгоҳи бисёр вижа дар ҷаҳони Ислом дорад.

Бино бар эъломи сафҳаи твиттерии Маҳатҳир Муҳаммад, раиси ҷунбиши ҲАМОС ва нахуствазири Малайзия дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ва мавзӯи Фаластин табодули назар карданд.

Ҳания дар ибтидои дидор бо Маҳатҳир Муҳаммад, ба ӯ чафия (сарбанд) ҳадя дод.

 

Назарҳо