Январ 23, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи парлумони Ироқ: Роҳпаймоии рӯзи ҷумъа як ҳамапурсӣ дар бораи хурӯҷи Амрикост

Узви эътилофи “Алфатҳ”-и парлумони Ироқ гуфт, тазоҳуроти рӯзи ҷумъа дар Ироқ як ҳамапурсии мардумӣ дар мухолифат бо ҳузури Амрико дар ин кишвар хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Албалдовӣ, узви эътилофи “Алфатҳ”-и парлумони Ироқ имрӯз бо баёни ин ки тазоҳуроти рӯзи ҷумъа мавзеи мардуми Ироқро дар бораи ҳузури амрикоиҳо дар хоки ин кишвар нишон хоҳад дод, афзуд, талоши Амрико барои ҳузур дар Ироқ бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.

Тазоҳуроте фардо (24 январ) ба даъвати шахсиятҳо ва гурӯҳҳои сиёсию динӣ ва миллии Ироқ баъд аз иқомаи намози ҷумъа дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла Бағдод таҳти унвони "Инқилоб ишрин" баргузор хоҳад шуд.

Дар пайи ҳамлаи террористии Амрико ба Бағдод дар севуми январ, ки ба шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноиби раиси “Алҳашдушшаъбӣ”-и Ироқ мунҷар шуд, намояндагони парлумони ин кишвар панҷуми январ тарҳи ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки Ироқро тасвиб карданд. Бисёре аз мақомоти ироқӣ, аз ҷумла Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири давлат пешбурди умури ин кишвар пас аз мусаввабаи парлумон бар хурӯҷи ҳарчи сареътари низомиёни амрикоӣ аз Ироқ таъкид кардаанд.

 

Барчасп

Назарҳо