Январ 23, 2020 20:10 Asia/Dushanbe
  • Муқтадо Садр: Тазоҳуроти зидди амрикоии рӯзи ҷумъа баёнгари истиқлол ва ҳокимияти Ироқ аст

Раҳбари ҷараёни “Садр”-и Ироқ гуфт, баргузории тазоҳуроти густурда ва зидди амрикоии мардуми Ироқ дар рӯзи ҷумъа, нишонаи фарорасидани замони истиқлол ва ҳокимият дар кишвар аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни “Садр”-и Ироқ дар остонаи тазоҳуроти миллионии мардуми Ироқ алайҳи ишғолгарии Амрико, дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер”, мардумро ба ёрии сарзамини худ даъват кард.

Тазоҳуроти мардумӣ дар Ироқ фардо (24 январ) ба даъвати шахсиятҳо ва гурӯҳҳои сиёсии динӣ ва миллии ин кишвар баъд аз намози ҷумъа дар шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Бағдод, таҳти унвони "Инқлоби ишрин" баргузор хоҳад шуд.
Дар пайи ҳамлаи террористии Амрико ба Бағдод дар сеюми январ, ки ба шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нируи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳди Ал Муҳандис, ноибраиси Басиҷи мардумии Ироқ мунҷар шуд, намояндагони парлумони ин кишвар панҷуми январ тарҳи ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки Ироқро тасвиб карданд.

Бисёре аз мақомоти ироқӣ, аз ҷумла Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири давлати пешбурди умури ин кишвар пас аз мусаввабаи парлумон, бар хурӯҷи ҳарчӣ сареътари низомиёни амрикоӣ аз Ироқ таъкид кардаанд.

 

Барчасп

Назарҳо