Январ 24, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Оғози тазоҳуроти миллионии мардуми Ироқ зидди ҳузури низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар

Тазоҳуроти миллионии мардуми Ироқ алайҳи ҳузури ишғолгарони амрикоӣ дар Бағдод оғоз шуд.

Мардуми шаҳри Бағдод тазоҳуроти зиддиамрикоии худро бо унвони “Инқилоби бистуми Ироқ” аз пули Аттобиқини ин шаҳр оғоз карданд.

Тазоҳуркунандагони ироқӣ парчами ин кишварро барафрошта ва якпорча шиори ихроҷи амрикоиҳоро аз Ироқ сар доданд.

Бисёре аз постерҳо дар Ироқ бо иборати англисии “go out” ба таври мустақим низомиёни Амрико ва Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишварро мавриди хитоб қарор дода ва бар зарурати ихроҷи фаврии нерӯҳои амрикоӣ таъкид кардааст.

Гурӯҳҳои муқовимати исломӣ, шахсиятҳои динӣ ва раҳбарони сиёсӣ ва миллии Ироқ тазоҳурот зидди ҳузури низомиёни Амрико дар Ироқро “рӯзи ҳокимияти миллӣ” ва бархе онро мушобеҳи инқилоби 1920 ва хуруҷи зиллатбори истеъмори Англия аз хоки Ироқ донистаанд.

 

Барчасп

Назарҳо