Январ 24, 2020 16:40 Asia/Dushanbe
  • Тадобири амниятии густурда ҳамзамон бо оғози тазоҳуроти зиддиамрикоии мардуми Ироқ

Манобеи амниятии Ироқ эълом карданд, ҳамзамон бо оғози тазоҳуроти миллионии зиддиамрикоии мардуми Ироқ, тадобири амниятӣ дар саросари ин кишвар, аз ҷумла дар Бағдод рӯйи даст гирифта шудааст.

Нерӯҳои амниятии Ироқ аз панҷшанбешаб тадобири амниятии ҷиддиро наздики пулҳои Аттобиқин ва Алҷодирия, дар маркази Бағдод ба марҳалаи иҷро даровардаанд.

Бағдод, пойтахти Ироқ аз нахустин сооти субҳи имрӯз, ҷумъа шоҳиди ҳузури миллионии мардумӣ буд, ки барои ширкат дар тазоҳуроти зидди ишғолгарони амрикоӣ ба хиёбонҳо омаданд.

Хиёбонҳои атрофи маҳалли баргузории тазоҳурот дар шаҳр Бағдод акнун пур аз ҷамъият аст ва ҳузури занон, кӯдакон, куҳансолон, ашоир ва ҷавонон бо намодҳои мухталифи Ироқ барои ҳузур дар тазоҳурот зидди ишғолгарии амрикоиҳо бисёр бошукӯҳ аст.

Мардуми Ироқ бо вуҷуди сармои ҳаво ҳамчунон дар ҳоли ҳаракат ба самти Ҷодирия ҳастанд ва ба иллати қуфл шудани бисёре аз масирҳо ночоранд барои расидан ба маҳалли тазоҳурот километрҳо пиёда оянд.

Бисёре аз мардуми кафанпӯш бо дар даст доштани парчамҳои Ироқ ба ҳамроҳи дастнавиштаҳои мухталиф нафрати худро аз Трамп ва давлати Амрико нишон медиҳанд.

 

Барчасп

Назарҳо