Январ 27, 2020 12:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ракетӣ ба атрофи Сафорати Амрико дар Бағдод

Расонаҳои хабарӣ аз асобати чанд ракет ба атрофи Сафорати Амрико дар минтақаи Сабзи Бағдод пойтахти Ироқ ва захмӣ шудани 5 корманди ин сафорат хабар доданд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, бархе манобеи хабарӣ теъдоди ракетҳои партобшуда ба самти Сафорати Амрико дар Бағдодро 4 ва бархе манбаъҳо теъдоди онҳоро 5 ракет эълом кардаанд.

Дар ҳамлаи ракетии якшанбешаб ба Сафорати Амрико дар Бағдод, панҷ корманди ин сафоратхона захмӣ шуданд, ки гуфта мешавад ҳоли яке аз захмиҳо вахим (бисёр бад) аст.

Минтақаи Сабзи Бағдод ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ аз ҷумла пойгоҳҳои Алтоҷӣ ва Албалад дар рӯзҳои ахир чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои ракетӣ қарор гирифтаанд.

Дар пайи ҳамлаи ракетӣ ба Сафорати Амрико дар Бағдод, болгардҳои амрикоӣ иқдом ба тахлияи коркунони ин сафоратхона карданд.

Як мақоми низомии Амрико асобати мушаки Катюша ба сохтмони сафорати ин кишвар дар Бағдодро таид, аммо аз эъломи хисоратҳои эҳтимолии ин ҳамла худдорӣ кард.

Дар пайи террори ноҷавонмардонаи сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Ҳашад Аш-Шаъбӣ ба дасти давлати террористи Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, намояндагони парлумони Ироқ рӯзи якшанбе 5 январ тарҳи ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқро тасвиб карданд.

 

Барчасп

Назарҳо