Феврал 08, 2020 20:34 Asia/Dushanbe

Раиси Маҷлиси Кувайт дар Нишасти фавқулодаи Иттиҳодияи парлумонҳои арабӣ дар Аммон, Тарҳи муомилаи қарни Трампро ба сатели партов андохт.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазираи Мубошир, раиси Маҷлиси Кувайт дар иқдоме намодин барои нишон додани мухолифати худ бо тарҳи амрикоии мавсум ба Муомилаи қарн онро ба сатели партов андохт ва таъкид кард ҷойи ин тарҳ партовдони таърих хоҳад буд.

Марзуқ Алғоним дар Нишасти фавқулодаи Иттиҳодияи парлумонҳои арабӣ дар Аммон гуфт, душман аз мо мехоҳад фаромуш кунем ё ба фаромушӣ бисупорем, ғофил шавем ё худамонро ба ғафлат бизанем, аз рӯи нотавонӣ бимирем ё худамонро ба мурдан бизанем ва Фаластинро аз масъалаи асосии уммат ба як масъалаи ҳошияӣ табдил кунем, аммо чунин чизе ҳаргиз рух нахоҳад дод.

Алғоним афзуд, ба ниёбат аз ҳамаи миллатҳои арабӣ ва исломӣ ва ҳамаи шарофатмандон ва озодмардони ҷаҳон мегӯем ҷойгоҳи муносиб ва воқеии Тарҳи муомилаи қарн партовдони таърих аст.

Вай таъкид кард, ҳеҷ касе аз Муомилаи қарн ҳимоят намекунад ва фаластиниҳо, арабҳо, мусулмонон, Аврупо ва ҳатто дар дохили Амрико бо он мухолиф ҳастанд.

Раиси Маҷлиси Кувайт гуфт, мо ба ишғолгарон бастаҳои молӣ чанд баробари Муомилаи қарн пешниҳод мекунем, то ба ҷое, ки аз он омадаанд бозгарданд ва дар ин сурат Муомилаи воқеии қарн сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии Ал-Олам эълом кард, Иттиҳодияи парлумонҳои араб дар Аммон пойтахти Урдун дар баёнияи поёнии худ ҳаргуна роҳи ҳаллеро, ки шомили ташкили кишвари Фаластин дар марзҳои 1967 бо пойтахтии Қудс набошад, рад кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо