Феврал 12, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Туркӣ Ал-Файсал: “Муомилаи қарн” маҳкум ба шикаст аст

Раиси собиқи Созмони амнияти Саудӣ аз тарҳи “Муомилаи қарн” интиқоди шадид кард.

Ба гузориши “Форс”, Туркӣ Ал-Файсал гуфт: “Он чи то кунун дидаем ин аст, ки ин тавофуқ талоше барои табдили Фаластин ба як мавҷуди масхшуда аст. Ин тарҳ сирфан рӯъёе золимона барои кишвари Фаластин аст. Пойтахти қонуниашро ҷудо мекунанд ва қалбашро аз он мегиранд. Марзҳояш номушаххас аст ва ин гуна рӯҳашро ҷудо мекунанд”.

Ӯ дар идома “Муомилаи қарн”-ро “Франкштойн”-и асри ҷадид (Ҳаюлло - шахсияти достоние, ки аъзои баданаш муташаккил аз аҷсоди дигарон аст) тавсиф кард.

Туркӣ Ал-Файсал гуфт, ки ин тавофуқ ба ҳеҷ ҷо нахоҳад расид ва шикаст хоҳад хурд ва тамоми дунё онро рад мекунанд.

Ӯ “Муомилаи қарн”-ро барои фаластиниҳо гоме ба ақиб донист ва онро ба дур аз ҳақоиқи таърихӣ ва қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амният эълом кард ва гуфт, ки тарроҳони тарҳи мазкур яктарафа ба моҷаро нигоҳ кардаанд.

Пас аз ин суханон, як мақоми давлати Амрико, ки номашро фош накард, гуфт, ин фард дигар иртиботе бо давлати Саудӣ надорад ва назароташ бо ин давлат ҳамхон нест.

 

 

 

Назарҳо