Феврал 12, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти амрикоӣ аз “Айнуласад” ба Сурия

Як шабакаи хабарӣ гузориш дод, ки аз чаҳор рӯзи пеш то кунун чандин комюн ҳомили таҷҳизоти амрикоӣ аз Ироқ вориди Сурия шудаанд.

Ба гузориши “Форс”, ин шабака ба нақл аз иттилооте, ки ба дасташ расида, хабар дод, ки комюнҳои амрикоӣ ҳомили маводи сохтмонӣ буданд ва аз чаҳор рӯзи пеш то кунун аз Ироқ вориди Сурия мешаванд.

Бино бар ин гузориш, ин комюнҳо ба сурати гурӯҳӣ аз пойгоҳи ҳавоии “Айнуласад”, воқеъ дар устони Аланбор дар ғарби Ироқ, вориди Сурия шуданд.

Амрико ахиран пас аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба “Айнуласад”, таҷҳизоти зиёде вориди ин пойгоҳ кардааст.

Дар ҳамин иртибот, хабаргузории расмии Сурия баъд аз зуҳри имрӯз аз даргирии сокинони рустоҳое воқеъ дар шарқи шаҳри Қомшли, дар устони Ҳасака (шимоли шарқи Сурия) хабар дод.

Соно гузориш дод, ки сокинони ин рустоҳо дар наздикии исти бозрасии мутааллиқ ба артиши Сурия дар ин минтақа таҷаммуъ карда буданд.

Артиши Сурия иҷоза надод, ки мошинҳои зиреҳии амрикоӣ аз ин исти бозрасӣ убур кунанд ва сокинони ин рустоҳои атроф самти ин мошинҳо санг партоб карданд ва парчами Амрикоро ба зер кашиданд.

 

 

Назарҳо