Феврал 17, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Музокираи Трамп ва Путин дар бораи Идлиби Сурия

Раиси ҷумҳури Амрико дар музокираи телефонӣ бо ҳамтои руси худ бидуни ишора ба мудохилаи низомии Амрико дар Ғарби Осиё ва Сурия поёни амалиёти низомиёни рус дар Идлибро хостор шуд.

Ба нақл хабаргузории Форс, Кохи Сафед дар баёнияе эълом кард, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар тамоси телефонӣ бо Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия аз Маскав хостааст, ки иқдомоти худро дар Сурия мутаваққиф кунад.

Трамп ҳамчунин аз Путин хостааст, ки аз ҳукумати Башор Асад раиси ҷумҳурии Сурия ҳимоят накунад.

Иддаои Доналд Трамп дар шароите матраҳ мешавад, ки Амрико дар солҳои ахир ба шакли густардае аз гуруҳҳои террористӣ дар Сурия ҳимоят кардааст.

Ҳузури низомии Амрико дар шимоли Сурия, бо ҳадафи сирқат ва фуруши манобеи нафтии ин кишвар низ бо эътирози Димишқ ва Маскав рӯбарӯ шудааст.

Артиши Сурия дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо пешравӣ дар ҷануби вилояти Идлиб амалиётеро дар ғарб ва ҷануби вилояти Ҳалаб барои поксозии ин минтақаҳо аз вуҷуди террористҳо шуруъ кардааст.

Вилоятҳои Идлиб ва Ҳалаб дар шимоли Сурия охирин пойгоҳҳои террористҳо дар Сурия ҳастанд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон оғоз шуд.

 

Барчасп

Назарҳо