Феврал 17, 2020 15:21 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳазор террористро аз Сурия ба Ироқ мунтақил кардааст

Намояндаи Комиссиони амният ва дифои парлумони Ироқ аз иқдоми Амрико дар интиқоли беш аз ҳазор узви ДИИШ аз Сурия ба Ироқ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Карим Аливӣ -узви Комиссиони амният ва дифои парлумони Ироқ  гуфт, Амрико бо истифода аз баргаи ДИИШ ва ноамн кардани шаҳрҳои ғарбии Ироқ ба дунболи таҳрики вазъияти дохилӣ дар ин кишвар ва бар ҳам задани шароит ва муодилоти мавҷуд аст.

Ин намояндаи парлумони Ироқ афзуд, Амрико беш аз ҳазор террористро аз тариқи бархе минтақаҳои қобили нуфуз дар марзҳои муштараки Ироқ ва Сурия ва бо кумаки пушиши ҳавоии эътилоф аз Сурия вориди Ироқ кардааст ва бар асоси иттилооти мавҷуд ағлаби террористҳо ба манзури пинҳон кардани ҳувияташон ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ вориди Ироқ шудаанд.

Узви Комиссиони амният ва дифои парлумони Ироқ  афзуд, ки Амрико талош дорад бо интиқоли саркардаҳо ва ашхоси мусаллаҳи ДИИШ ба умқи хоки Ироқ ин гуруҳи террористиро, ки ба шиддат дар Сурия таҳти фишор қарор гирифтааст наҷот диҳад ва давлати Ироқ бояд фавран ин масъаларо баррасӣ кунад.

ДИИШ пас аз ишғоли шаҳри Мусили Ироқ дар соли 2014 ба суръат бахши аъзаме аз хоки ин кишварро таҳти контроли худ даровард, аммо се сол баъд мутаҳаммили шикаст шуд ва нерӯҳои ироқӣ муваффақ шуданд дар соли 2017 террористҳоро аз кишварашон ихроҷ кунанд.

Бо ин вуҷуд афроди ДИИШ камо кам дар бархе нуқтаҳои Ироқ ҳузуре на чандон фаол доранд.

 

Барчасп

Назарҳо