Феврал 17, 2020 15:31 Asia/Dushanbe

Сокинони шаҳри Ҳалаб дар Сурия дар пайи озодӣ ва поксозии шаҳракҳо ва рустоҳои ғарбу шимоли ин шаҳр аз вуҷуди гуруҳҳои террористӣ ва барқарории амнияти комил бо омадан ба хиёбонҳо ба шодӣ пардохтанд.

Ба нақл аз ИРНО, бо озодсозии минтақаҳои ҳумаи Ҳалаб, амнияти ин шаҳр ба таври комил барқарор шудааст.

Расонаҳои сурӣ эълом кардаанд, ки артиши Сурия минтақаҳои пароканда ва кучакеро, ки ҳамчунон дар контроли террорист қарор дорад, ба муҳосираи худ даровард.

Идомаи пешравиҳои артиши Сурия барои озодсозии охирин пойгоҳҳои гуруҳи террористӣ дар минтақаҳои шимоли ғарби ин кишвар дар вилоятҳои Идлиб ва Ҳалаб, таниши наверо миёни Анқара ва Димишқ эҷод карда ва боиси вуқуи даргириҳои низомӣ миёни ду тараф шудааст.

Image Caption

Пешравии Сурия дар ин минтақаҳо дар ҳоле шиддат гирифта, ки аз рӯзи нуҳуми январ бо тавофуқ миёни Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамтои туркияии вай дар минтақаи Идлиб оташ- бас эълом шуд, аммо ин оташбас ду рӯз баъд бо ҳамлаҳои террористҳо поймол шуд.

Барчасп

Назарҳо