Феврал 20, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи нирӯҳои мусаллаҳи Яман: Арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Яман тангтар мешавад

Сухангӯи нирӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт, системаҳои ҷадиди падофанди ҳавоии ин кишвар имрӯз (панҷшанбе) рӯнамоӣ мешавад.

Ба гузориши шабакаи Ал Масира, сартип Яҳё Сареъ рӯзи панҷшанбе афзуд, ин системаҳо ба фанноварии пешрафтае таҷҳиз ва аз қудрати болое дар сарнагунии ҳавопаймоҳои ҷосусӣ ва ҷанганда бархӯрдор ҳастанд.

Вай таъкид кард, дигар осмони Яман барои душманон амн нест ва ҷангандаҳои онҳо барои убур аз осмони ин кишвар бояд ҳазорон меъёрро дар назар бигиранд.

Ба гуфтаи Сареъ ин системаҳои падофанди ҳавоӣ имрӯз рӯнамоӣ ва дар рӯзҳои оянда вориди шабакаи падофанди ҳавоии Яман хоҳанд шуд.

Падофанди ҳавоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бомдоди шанбе муваффақ шуд ҷангандаи "Турнодо"-и эътилофи Саудиро дар осмони устони Ал Ҷавф сарнагун кунад.

 

Барчасп

Назарҳо