Феврал 21, 2020 17:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди уламои мусулмон бар лузуми ихроҷи Амрико аз минтақа

Шуморе аз уламои кишварҳои исломӣ дар нишасте дар Яман, бо маҳкум кардани мудохилоти Амрико дар ғарби Осиё, бар лузуми хуруҷи ин кишвар аз минтақа таъкид карданд.

Ба гузориши шабакаи “Алмасира”, дар нишасти зиддиамрикоӣ- саҳюнистӣ дар Яман, шуморе аз уламои Ироқ, Яман, Сурия , Лубнон ва Фаластин бо ширкат дар нишасте аз тариқи видеоконфронс аҳдофи “Муомилаи қарн”-ро тазмини мавҷудияти Исроил, ихтилофафканӣ дар минтақа ва тороҷи сарвати он ва суръат бахшидан дар одисозии равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ унвон карданд.

Шайх Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия бо интиқод аз бархе кишварҳои арабӣ гуфт, чӣ тавр аст, ки бархе иҷозаи убури ҳавопаймоҳо ба мақсади Фаластини ишғолиро аз ҳарими ҳавоии худ медиҳанд, аммо иҷозаи парвоз аз фурудгоҳи Санъо барои кумак ба маҷрӯҳонро намедиҳанд?

Дар баёнияи поёнии ин нишаст омадааст: Мудохилаи ошкори Амрико дар минтақа ва таҷовузҳои мукаррари он алайҳи фарзандони уммати исломӣ, ки охирини онҳо террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси Ҳашдушшаъбии Ироқ ва ҳамразмонашон буд, маҳкум мекунем.

 

 

 

Барчасп

Назарҳо