Феврал 26, 2020 22:13 Asia/Dushanbe
  • Таҳаррукоти Қатар, Созмони Милал ва Тел-Авив барои тасбити оташбас дар навори Ғазза

Пас аз даргирии 48 соата миёни Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар навори Ғазза ва режими саҳюнистӣ, нишасти сеҷониба дар Қудс баргузор шуд то дар бораи тасбити оташбас ройзанӣ шавад.

Ба гузориши “Форс”, сешанбешаб музокироте миёни режими саҳюнистӣ, ҳайати Созмони Милал дар ғарби Осиё ва намояндаи Қатар дар навори Ғазза баргузор шуд то дар бораи равишҳои тасбити оташбас бо гурӯҳҳои фаластинӣ дар навори Ғазза, бозгашти оромиш ва лағви қайду бандҳои эъмолшуда бар гузаргоҳҳо ва масоҳати сайд баҳсу табодули назар шавад.

Камил Абу Рукун, ҳамоҳангкунандаи давлати режими саҳюнистӣ дар манотиқи ишғолӣ, Николай Младенов, фиристодаи Созмони Милал ва Муҳаммад Алимодӣ, намояндаи Қатар дар навори Ғазза ин нишасти сеҷонбаро дар Қудс баргузор карданд

Се тараф паёмадҳои таниши ахир дар навори Ғаззаро, ки дар пайи ба шаҳодат расонидани Муҳаммад Ноъам, узви Ҷиҳоди исломӣ оғоз шуд ва чиҳилуҳашт соат тӯл кашид, баррасӣ карданд.

Бино бар иддаои радиои режими саҳюнистӣ, Алимодӣ ва Младенов ахиран паёмҳое миёни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши фаластинии ҲАМОС радду бадал карданд.

Радиои режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ҲАМОС ба миёнҷиҳо паёмҳое фиристода ва эълом карда, Исроил бояд тамоми мавонеи эҷод шуда бар убуру мурур дар гузаргоҳҳоро лағв кунад, доманаи сайдро ба 15 мил афзоиш диҳад ва ба ҳазор коргар ва тоҷир иҷоза диҳад ба сари кор баргарданд.

Мақомоти режими саҳюнистӣ ҳафтаи ҷорӣ гузаргоҳи Карам Абусолим, ба унвони танҳо гузаргоҳи тиҷории навори Ғаззаро баст ва танҳо комюнҳои ҳомили таҷҳизоти пизишкӣ ва сӯхт иҷозаи убуру мурур доранд.

 

 

Назарҳо