Феврал 27, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости мақоми СММ аз Арабистон барои посухгӯӣ дар хусуси қатли Хошуқҷӣ

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шаффофият ва посухгӯии қазоии Арабистонро дар хусуси қатли Хошуқҷӣ хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Мишел Бачелет имрӯз (панҷшанбе) гуфт, Арабистони Саудӣ бояд дар хусуси қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақид ба мароҷеи қазоӣ посухгӯ бошад.

Бачелет ҳамчунин аз режими Арабистон хост, зимни ҳимоят аз озодии баён ва таҷаммӯи мусолиматомез, дар маҳкумиятҳои фаъолон, сарони мазҳабӣ ва рӯзноманигорон таҷдиди назар кунад.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мухолифи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ, 2 октябри 2018 пас аз муроҷиа ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия, дар дохили ин консулгарӣ ба қатл расид ва ҷасадаш қитъа-қитъа шуд.

Давлати Арабистон 18 рӯз дар бораи вуқӯи ин қатл сукут ва инкор кард то ин, ки гузоришҳои давлати Туркия ва Ожонси иттилооти марказии Амрико таъйид карданд, ки қатли Хошуқҷӣ ба дастури мустақими Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ будааст.

 

Барчасп

Назарҳо