Март 25, 2020 10:51 Asia/Dushanbe
  • Эъломи муқаррароти манъи омаду шуд дар Сурия барои муқобила бо коронавирус

Хабаргузории расмии Сурия "САНА" сешанбешаб аз вазъи муқаррароти манъи омаду шуд дар ин кишвар барои муқобила бо коронавирус хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, САНА эълом кард, аз рӯзи чаҳоршанбе дар саросари Сурия аз соати 6 аср то 6 субҳ муқаррароти манъи омаду шуд барқарор мешавад.  

Хабаргузории расмии Сурия ҳамчунин аз омода шудани ду маркази карантини беҳдоштӣ дар вилояти Қанитра, ҷануби ин кишвар дар чорчуби тадбирҳои муқобила бо коронавирус хабар дод.  

Коронавирус авохири соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳан (wuhan) дар шарқи Чин мушоҳида шуд ва акнун илова бар 30 устони ин кишвар, ба беш аз 190 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Британия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Фаронса, Италия, Арабистон ва Иморот сироят кардааст.

Назарҳо