Март 25, 2020 16:11 Asia/Dushanbe
  •  Ҳашдушшаъбӣ бемористони саҳроӣ дар Карбало сохт

Ҳамзамон бо афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Ироқ ба 316 нафар, Созмони басиҷи мардумии ин кишвар "Ҳашдушшаъбӣ" аз эҳдоси як бемористони саҳроӣ дар вилояти Карбало, маркази Ироқ бо ҳадафи муқобила бо шуюи ин вирус хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Созмони басиҷи мардумии Ироқ сешанбешаб эълом кард, эҳдоси ин бемористони саҳроӣ бо зарфияти 100 тахт ва таҷҳизоти пизишкӣ ва дармонӣ дар вилояти Карбало дар ростои иқдомоти эҳтиётӣ барои кӯмак ба ниҳодҳои дармонӣ ҷиҳати муқобила бо коронавирус анҷом мегирад.  

Бар асоси охирин оморҳои расмии эъломшуда аз сӯи давлати Ироқ, то кунун 316 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод, 27 тан ҷони худро аз даст додаанд.  

Коронавирус авохири соли гузашта  (2019) дар шаҳри  Вуҳан дар вилояти Ҳубей шарқи Чин мушоҳида шуд ва акнун илова бар 30 вилояти ин кишвар, ба беш аз 190 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Британия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Фаронса, Италия, Арабистон ва Иморот сироят кардааст.  

Бар асоси охирин омор, то кунун камаш 400 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 104 ҳазор нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Камаш 17 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Назарҳо