Март 25, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои шуморе аз низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ба Карона

Узви фроксюни амният ва дифо дар парлумони Ироқ аз ибтилои шуморе вз низомиёни амрикоии мустақар дар ин кишвар ба вируси Карона хабар дод.

Ба нақл аз ИРНА, Бадр Алзиёдӣ узви фроксиюни амният ва дифо дар парлумони Ироқ рӯзи чоршанбе дар бораи интишори бештари шуюи вируси Корона дар устони Аланбор дар ғарби Ироқ ба далели ҳузури низомиёни амрикоӣ дар пойгоҳҳои Ъайнуласад ва Ҳабония ҳушдор дод.

Алзиёдӣ ҳамчунин бо интиқод аз идомаи парвозҳои болгардҳо ва паҳподҳои амрикоӣ дар осмони Ироқ бе доштани иҷозатнома аз давлати марказии Ироқ гуфт ; то кунун фармондиҳии артиши Амрико дар Ироқ аз таъйиди гузориши ибтилои низомиёни худ ба вируси Карона худдори кардааст.Идомаи ҳузури низомиёёни Амрико дар Ироқ дар ҳоле аст,ки мардум ва бисёре аз мақомоти Ироқӣ хоҳони хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз кишварашон ҳастанд.

Парлумони Ироқ чанде пеш дар нишасте бо ҳузури Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири давлати пешбурди умур, ба ихроҷи неруҳои бегона вз хоки ин кишвар рай дод.

Барчасп

Назарҳо