Апрел 06, 2020 12:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои арабӣ

Шумори мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои арабӣ ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Арабистон аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 2385 нафар хабар дод, ки аз ин миён 34 нафар фавт карданд.  

Вазорати беҳдошти Сурия ҳам эълом кард бо сабти се мавриди нави ибтило ба коронавирус дар ин кишвар шумори кулли мубталоён ба 19 нафар расида ва омори фавтиҳо низ 2 нафар аст.  

Уммон ҳам аз афзоиши шумори ҷонбохтагони коронавирус ба ду нафар ва сабти 21 мавриди нави ибтило хабар дода то дар маҷмӯъ шумори кулли мубталоён дар ин кишвар ба 298 маврид расида бошад.  

Вазорати беҳдошти Лубнон аз сабт ҳафт маврид ҷадиди ибтило ба коронавирус дар ин кишвар ва як мавриди дигар фавтӣ хабар дод ва эълом кард шумори кулли мубталоён ба 527 маврид ва шумори фавтиҳо ба 18 нафар расидааст.  

Вазорати беҳдошти Кувейт ҳам аз сабти 77 мавриди нави ибтило ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод ва шумори кулли мубталоёнро 556 нафар эълом кард.  

Фаластин аз сабти 9 мавриди нави ибтило ба коронавирус ва афзоиши шумори мубталоён ба 226 нафар хабар дод.  

Вазорати беҳдошти Ироқ низ шумори кулли мубталоён ба коронавирус дар ин кишварро 878 нафар эълом кард, ки аз ин миён 45 нафар фавт карданд. 

Иморот ҳам шумори кулли мубталоёнро то кунун 1505 нафар ва шумори фавтиҳоро 9 нафар эълом кард.

Назарҳо