Апрел 07, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як афсари амрикоӣ ва ду неруи

Дар пайи вуқуи таркише аз сӯи авомили ношинос дар ҳумаи Дайр-уз-Зӯр дар шимоли шарқи Сурия як афсари амрикоӣ ва ду неруи курди сурӣ кушта шуданд.

Ба нақл аз ИСНО,  як афсари амрикоӣ ва ду унсури неруҳои демократики Сурия бо номи ихтисории Қасд дар ҳумаи Дайр-уз-Зӯр дар пайи камини афроди ношинос, ки худравҳои ишғолгарони амрикоиро ҳадаф гирифта буданд, кушта шуданд.

Гаштҳои муштараки амрикоӣ ва гурӯҳҳои вобаста ба Қасд, ки мавриди ҳимояти Амрико ҳастанд дар маърази ҳамлаи афроди ношинос дар наздикии рустои Ал-Васиа аз тавобеи шаҳристони Ал-Сувар дар марзҳои идории устони Ҳасака қарор гирифтанд.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, афсари амрикоӣ ба пойгоҳи Ал-Шадодӣ дар ҳумаи ҷанубии Ҳасака мунтақил шуд.

Неруҳои ишғолгари амрикоӣ дар шарқи Сурия дар наздикии майдонҳои нафтӣ мустақар ҳастанд ва аз неруҳои Қасд ҳимоят мекунанд.

Ҳамчунин неруҳои артиши Сурия октябр вориди шарқи Фурот шуданд то монеъ аз ҳамалоти артиши Туркия дар он замон шаванд. Дар он давра неруҳои Туркия бо амалиёти "Чшмаи сулҳ" қасди нобудии неруҳои мудофеи халқ кард, ки ҳукми сутуни фақароти неруҳои демократики Сурияро доштанд.

 

Назарҳо