Апрел 08, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи ироқӣ: Амрико ҳамчунон Ироқро як иёлати вобаста ба худ медонад

Узви комиссияи амният ва дифоъ дар парлумони Ироқ гуфт, ки Амрико ҳамчунон ба Ироқ ба унвони як иёлати вобаста ба худ нигоҳ мекунад.

Ба гузориши “Форс”, “Маҳдӣ Тақи Омирли, узви комиссияи амният ва дифоъ дар парлумони Ироқ аз мудохилоти Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар масоили дохилии Бағдод интиқод кард.

Вай бар ин бовар аст, ки фраксиюнҳои миллигаро мухолифи ибқои ҳузури Амрико таҳти ҳар унвоне ҳастанд.

Ин намояндаи ироқӣ бо баёни ин ки таҳдидҳои Амрико ба хотири “кина ва душмани аз миллати Ироқ” аст, хотир нишон кард, таҳдидҳои мудовими Амрико алайҳи миллати Ироқ сирфан “тӯфони расонаӣ” аст.

Омирли дар поён таъкид кард, ки тааллули Амрико барои боқӣ мондан дар Ироқ, сирфан тарҳҳои роҳбурдӣ барои тасаллут бар бахшҳое аз Ироқ аст, ки бо ҳадафи ҳимоят аз ҳампаймонони худ, яъне кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс сурат медиҳад.

Дар ҳамин иртибот, Муҳаммад Ризо, раиси комиссияи амният ва дифоъ дар парлумони Ироқ гуфт: Мо аз Амрико мехоҳем, ки равобиташ бо Ироқ бар асоси эҳтиром бошад, на таҳмил ва иҷбор. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар ду пойгоҳи “Айнуласад”  ва “Алҳарир” низ машкук аст. Интиқоли қатаоти сомонаи “Патриот” ба “Айнуласад” баёнгари бақои ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ аст ва иқдоми Вашингтон дар нақзи ҳокимияти Ироқ мӯҷиб шуда то мо дар куллияи тавофуқҳоямон бо он таҷдиди назар кунем.

Ин намояндаи парлумони Ироқ афзуд, Амрико аз тавофуқномаҳо суистифода кард ва сомонаҳои падофандии худро ғайрифаъол кард то мо ҳамчунон ба он ниёз дошта бошем. Аммо ироқиҳо муваффақ ба таҷҳизи низомии худ шуданд ва ба Амрико ниёзе надоранд. Ироқ ба ҳеҷ нерӯи хориҷӣ дар хоки худ ниёзе надорад.

 

 

 

 

 

Назарҳо