Апрел 09, 2020 20:41 Asia/Dushanbe
  • Мустафо Ал Козимӣ маъмури ташкили кобинаи Ироқ шуд

Раисиҷумҳури Ироқ, Мустафо Ал Козимӣ, раиси дастгоҳи амниятии ин кишварро, маъмури ташкили кобинаи ҷадиди Ироқ кард.

Пас аз инсирофи Аданон Ал Зарфӣ аз ташкили кобинаи Ироқ, Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳури ин кишвар рӯзи панҷшанбе дар ҳузури намояндагони фраксюнҳои мухталиф, Ал Козимиро маъмури ташкили кобинаи ҷадид кард.

Мустафо Ал Козимӣ як моҳ фурсат дорад то кобинаи худро барои касби раъйи эътимод, ба парлумони Ироқ муаррифӣ кунад.

Дар пайи мухолифати бештари гурӯҳҳои шиа бо нахуствазирии Аданон Ал Зарфӣ, ӯ имрӯз аз ташкили кобина инсироф дод.

 

Барчасп

Назарҳо