Апрел 22, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ёздаҳ полиси афғон дар ҳамалоти Толибон

Дар ҳамалоти Толибон ба мавзеъҳои неруҳои полиси Афғонистон дар вилояти Сарипули Афғонистон, камаш ёздаҳ полис кушта шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Ово, узви Шурои вилоятии Сарипул гуфт: Толибон бомдоди рӯзи чаҳоршанбе ба ду мақарри полис дар минтақаи Масҷиди сабзи шаҳристони Сончорак ва Сузмақалъа дар ин вилоят ҳамла карданд, ки ҳудуди 20 нафари дигар аз неруҳои полис захмӣ ва шумори дигаре низ асир шуданд.

Асадуллоҳ Хуррам вахомати вазъият дар шаҳристонҳои Сузмақалъа ва Сончорак  дар шимоли Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва афзуд: Бетаваҷҷуҳии давлат ва набуди таҷҳизоти низомӣ дар ихтиёри низомиёни ин вилоят сабаб шуд то неруҳои полис ин талафотро мутаҳаммил шаванд.

Ин мақоми давлатии Афғонистон дар идома ҳушдор дод, агар давлат ба вилояти Сарипул аҳамият надиҳад на танҳо ин ду шаҳристон суқут мекунад, балки ҳодисаи Мирзоланг такрор хоҳад шуд.

Дар ҳамлаи густурдаи тобистони соли гузашта Толибон ба шаҳристони Мирзоланг  дар вилояти Сарипул, даҳҳо неруи амниятӣ ва ғайринизомӣ кушта шуданд ва ин шаҳристон низ суқут кард.

 

Барчасп

Назарҳо