Май 22, 2020 15:56 Asia/Dushanbe
  • Фарохони гурӯҳҳои фаластинӣ барои эҷоди ҷабҳаи исломӣ-арабӣ барои муқобила бо режими саҳюнистӣ

Гурӯҳҳои фаластинӣ дар баёнияе ба муносибати рӯзи Қудс ба ташкили ҷабҳае густурда барои муқобила бо режими саҳюнистӣ таъкид карданд.

Ба гузориши Исно, гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар баёнияе матбуотӣ ба муносибати фаро расидани рӯзи Қудс ба ташкили ҷабҳае миллӣ ва арабӣ-исломии густурдаи муташаккил аз тамоми озодагон барои муқобила бо ҷараёне, ки ба одисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ мепардозад ва бо он ҳамоҳангии амниятӣ дорад, фаро хонданд.

Бар асоси гузориши вебгоҳи “Фаластинулявм”, дар идомаи ин баёния омадааст: Бо таваҷҷуҳ ба тавтеаҳои давлати Амрико дар иҷрои “Муомилаи қарн” барои яҳудисозии Қудс ва Масҷидулақсо, канор задани ҳуқуқи миллати Фаластин ва ташкили кобинаи террористии саҳюнистӣ барои иҷрои ин қарордоди шум бо ишғоли бахшҳои зиёде аз Каронаи бохтарӣ, аҳамияти ин ҳамроҳии миллӣ ва исломӣ бештар шудааст.

Гурӯҳҳои фаластинӣ дар ин баёния, ки рӯзи панҷшанбе содир шуда, афзуданд: “Душмани саҳюнистӣ ба иртикоби анвои ҷиноятҳои зиддиинсонӣ ва ҷиноёти ҷангӣ алайҳи миллати мо мепардозад то воқеиятҳои хабисонаро бар сарзамини Фаластин ва бо тикка - тикка кардану мусодираи он таҳмил кунад, сокинонашро овора намояд, инқилобиёни онро ба қатл бирасонад, ҳувияти арабӣ ва исломии онро нобуд кунад ва чанбараи бозӯҳои ухтопусии саҳюнистӣ бар тавоноиҳои уммат ва фарҳанги онро аз тариқи режимҳои шикастхурда, золим ва душмани миллати худ ва душмани миллати Фаластин ва масъалаи Фаластин густариш диҳад.

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Мо гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ абадан таслими воқеияти зӯргуёнае, ки режими ишғолгар бо пӯшиши давлати Амрико ва режимҳои арабӣ, ки ба одисозӣ рӯй овардаанд, нахоҳем шуд, балки дар муқобилаи ин ҳамла монанди гузашта хоҳем истод”.

Гурӯҳҳои фаластинӣ ҳамчунин ба тамоми миллатҳои озоди ҷаҳон, ки дар муқобили одисозии равобит истодаанд, дуруд фиристоданд ва мавозеи бархе кишварҳоро, ки ба одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ рӯй овардаанд, маҳкум карданд.

Дар баёнияи мазкур омадааст, гиромидошти рӯзи Қудс ва афзоиши мухолифати уммати Ислом бо равобит бо режими саҳюнистӣ ва тавтеаҳои саҳюнистӣ - амрикоӣ, таъкиде бар ҷойгоҳи Фаластин ва Масҷидулақсо дар қалбҳои уммат аст.

 

Назарҳо