Май 22, 2020 16:24 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи писари Ҷамол Хошуқҷӣ дар бораи афви қотилони падар

Яке аз писарони рӯзноманигори мақтули саудӣ баёнияе дар Твиттер мунташир ва эълом кард, қотилони падарашро афв кардааст.

Писари Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мақтули саудӣ дар баёнияе эълом кард, ки қотилони падарашро мебахшад. Ин баёнияро Солеҳ Хошуқҷӣ рӯзи ҷумъа дар Твиттер мунташир кард.

Ба гузориши “Форс”, ӯ дар твитти худ навишт: “Дар ин шаби муборак аз моҳи мубораки Рамазон ба ёд меоварем, ки Худованд мефармояд: Агар шахсе бибахшад ва мусолиҳа ҷӯяд, подоши ӯ аз ҷониби Худованд аст. Бинобарин мо писарони шаҳид Ҷамол Хошуқҷӣ эълом мекунем: касоне, ки падари моро куштанд, афв карда ва ба дунболи подош аз ҷониби Худованди мутаол ҳастем”.

Хошуқҷӣ аз мунтақидони барҷастаи давлати саудӣ октябри 2018 дар консулгарии Риёз дар Истанбул ба шакле ваҳшиёна ба қатл расид. Мақомоти саудӣ ҳамвора муддаӣ ҳастанд, ки ин ҷиноят амалиёти худсарона буда ва дастури он аз тарафи Риёз содир нашуда буд. Аммо дар сатҳи байналмилал ин масъала мавриди тардид аст ва чандин ожонси иттилоотӣ ва Созмони Милал ривояти давлати оли Сауд дар бораи наҳваи вуқӯи ин ҷиноятро зери суол бурдаанд.

 

Назарҳо