Май 22, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Иблоғи расмии қатъи ҳамкории амниятии Ташкилоти худгардон бо режими саҳюнистӣ

Ташкилоти худгардон расман қатъи ҳамкории амниятӣ бо режими саҳюнистиро иблоғ кард.

Шабакаи 13-и телевизиони режими саҳюнистӣ аз иблоғи расмии қатъи ҳамкории амниятӣ бо Исроил тавассути Ташкилоти худгардони Фаластин хабар дод.

Ба гузориши ИСНА, шабакаи 13-и телевизиони режими саҳюнистӣ ба нақл аз чанд мақоми фаластинӣ эълом кард, ки Ташкилоти худгардони Фаластин расман қатъи ҳамкории амниятиро ба Исроил иблоғ кардааст.

Тибқи гузориши ин шабака, як мақоми исроилӣ низ таъкид кардааст, Ташкилоти худгардони Фаластин дар паёме ба давлати Исроил иттилоъ дода, ки ҳамаи тавофуқномаҳо миёни ду тараф аз ин пас дигар лозимулиҷро нестанд.

Ин расонаи ибризабон дар идома гузориш дод, паёми мазкур аз тарафи Ҳусайн Аш-Шайх, вазири умури мадании Ташкилоти худгардони Фаластин ва чанд мақоми фаластинии дигар барои Камил Абурукн, ҳамоҳангкунандаи давлати режими саҳюнистӣ дар манотиқи ишғолӣ ирсол шуда ва шомили изҳороти ахири Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардон аст.

Ба дунболи тасмими якҷонибаи давлати Исроил барои пайвастани манотиқе аз Каронаи бохтарӣ ба арозии ишғолӣ, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ахиран дастури таваққуфи фаврии ҳамкории амниятӣ бо режими саҳюнистиро содир кард.

 

 

Назарҳо