Май 29, 2020 20:55 Asia/Dushanbe

Дар ҳоле, ки ҳанӯз ваъдаи эъломшуда барои ишғоли бахшҳои бештаре аз Каронаи бохтарӣ фаро нарасида, мақомоти режими саҳюнистӣ муқаддамоти ин корро оғоз кардаанд.

Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ахиран эълом кард, ки ишғоли заминҳои бештаре аз Каронаи бохтариро дар мавъиди муқаррар (моҳи июл) анҷом медиҳад ва ба эътирозҳои Абдуллоҳи дувум, шоҳи Урдун ва дигар эътирозҳо дар ин замина таваҷҷуҳе нахоҳад кард.

Аммо ба назар мерасад, ин режим зудтар аз мавъиди муқаррар муқаддамот барои иҷрои ин иқдомро оғоз кардааст. Дар ҳамин замина рӯзномаи “Ал-Қудс Ал-Арабӣ” эълом кард, мақомоти саҳюнистӣ тоблуҳоеро, ки ба исроилиҳо дарбора вуруд ба се рустои фаластинӣ дар минтақаи “Ағвор” (дараи рӯди Урдун) ҳушдор медод, бардоштаанд.

Бар асоси ин гузориш, идораи умури мадании режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ низ теъдоди кормандони худро афзоиш дода то ба сурати мустақим ва ба дур аз Ташкилоти худгардон бо фаластиниҳо таомул дошта бошад.

Маҷди Солеҳ, вазири умури шаҳрдориҳои Ташкилоти худгардон дар ҳамин замина эълом кард, мақомоти ишғолгар бо шаҳрдориҳои минтақаи “Ҷ” ба сурати мустақим иртибот барқарор ва дар ростои давр задани Ташкилоти худгардон аз назари иқтисодӣ кор мекунанд, аммо бахши хусусии Фаластин таомули мустақим бо мақомоти ин режимро рад мекунад.

 

 

 

Барчасп

Назарҳо