Май 31, 2020 14:16 Asia/Dushanbe
  • Ташкили Шурои ҳамоҳангии мухолифон барои сарнагунии Муҳаммад бин Салмон

Фаоли арабистонӣ аз ташкили як шурои ҳамоҳангӣ бо 18 узв аз ҷумла се шоҳзодаи саудӣ барои барканории Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алҷазира, Абдураҳмон Ал-Суҳимӣ бо интишори як паёми видеоӣ дар Твиттер таъкид кард: Ин шуро дар талош барои барканории Муҳаммад бин Салмон, шаҳрвандонро ба нофармонии маданӣ ё ҳамли силоҳ фаро намехонад, балки фаолияти он маҳдуд ба мукотиба бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои расмӣ ва байналмиллалӣ аст.

Ал-Суҳимӣ афзуд: Шурои ҳамоҳангии мухолифон дар чорчуби сиёсатҳои худ  то кунун мукотиботе бо парлумонҳои кишварҳои исломӣ ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, аъзои Конгираи Амрико ва аъзои парлумони Аврупо анҷом додааст.

Ин фаоли саудӣ дар идомаи паёми худ ҳамчунин аз тарҳи бархе масъулони саудӣ барои барҳам задани Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022  дар Қатар аз тариқи анҷоми амалиёти террористӣ парда бардошт ва гуфт: Як масъули давлати Арабистон ахиран гуфтааст, ки ба осонӣ метавон Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022-и  Қатарро бо таркондани  чанд худрави бомбгузоришуда барҳам зад.

Ал-Суҳимӣ дар бораи истиқрори сомонаҳои падофанди ҳавоии амрикоии патриот дар Арабистон ҳам гуфт: 70 дарсад аз сакуҳои ин сомона барои ҳифозат аз кохҳои Муҳаммад бин Салмон ба кор рафта ва фақат 30 дарсади боқимонда барои ҳифозат аз Арабистон ва таъсисоти он истифода шудааст.

 

Барчасп

Назарҳо