Июн 01, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Фоҷеаомез будани шаҳодати ҷавони маълули фаластинӣ ба дасти саҳюнистҳо

Созмони Милал ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани ҷавони маълули фаластинӣ дар шаҳри Қудсро фоҷеа хонд, ки бояд аз вуқуи он ҷилугирӣ мешуд.

Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросон ба нақл аз Исна, Николай Малодинов ҳамоҳангкунандаи Созмони Милал дар раванди сулҳи Ховари Миёна дар сафҳаи корбарии худ дар Твиттер навишт: ба хонаводаи Иёд Ал-Ҳаллоқ, ҷавони фаластиӣ, ки рӯзи шанбе дар Қудс ба шаҳодат расид, таслият арз мекунам. 

Малодинов ҳамчунин тасреҳ кард, ин "фоҷеае буд, ки бояд аз он ҷилугирӣ мешуд." 

Ҳамоҳангкунандаи вижаи Созмони Милал аз мақомоти исроилӣ хост фавран  дар хусуси ин масала таҳқиқотро оғоз кунанд.

Иёд Хайри Ал-Ҳаллоқ, ҷавони фаластинии камтавони зеҳнии 32 сола бар асари шиллики мастақими полиси режими саҳюнистӣ дар наздикии дарвозаи "Бобул-Асбот"-и шаҳри Қудс ба шаҳдат расид. 

Назарҳо