Июн 03, 2020 21:35 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ансоруллоҳ ба конфронси ҳомиёни молии Яман дар Риёз

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман таъкид кард, танҳо роҳкори буҳрон дар ин кишвар таваққуфи таҷовуз ва поёни муҳосира аст.

Ба гузориши ИСНА, Муҳаммадали Алҳуси, узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар вокуниш ба нишасти ҳомиёни молии Яман дар Риёз гуфт: “Танҳо роҳиҳалли буҳрони Яман таваққуфи таҷовуз ва поёни муҳосира аст. Наметавон бо як нишасти шикастхӯрда воқеиятро пӯшонд. Эътирофи Марк Лукок, муовини дабири кулли Созмони Милал дар умури башардӯстона ба амал накардан ба тааҳҳудот ва таваққуфи фаъолияти барномаҳои Созмони Милал, дурӯғ будани коршикании мо дар расондани кумак ба яманиҳоро собит мекунад”.

Вай гуфт, таҷовуз ва муҳосира мардуми Яманро ба ин вазъият дучор кардааст. Аз конфронси ҳомиёни молии Яман бӯи ҳилагарии сиёсӣ меояд.

Аз сӯи дигар, як манбаъ дар вилояти Алҳудайда эълом кард, ки тайи 24 соати гузашта эътилофи мутаҷовизи Арабистон 92 ҳамларо дар ин устон анҷом дод.

Ҳамчунин ҷангандаҳои эътилофи саудӣ чаҳор ҳамларо ба минтақае дар вилояти Саъда анҷом дод.

 

 

Назарҳо