Июл 07, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Радди мудохила дар умури кишварҳои арабӣ аз сӯи мақомоти Арабистон

Арабистон мудохила дар умури кишварҳои арабиро рад кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, шоҳзода Файсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон дар нишасти арабӣ- чинӣ гуфт: Риёз ҳаргиз мудохилаҳое, ки суботи минтақаро аз байн бубаранд, намепазирад.

Вазири умури хориҷаи Арабистон муддаӣ шуд, кишвараш бар ваҳдат, тамомияти арзӣ ва бидуни мудохила дар умури дохилии кишварҳо таъкид дорад.

Ӯ идома дод: Далели радди ин мудохилаҳо аз сӯи Риёз он аст, ки ин мудохилаҳо нақши тахрибкунандае аз тариқи ҳимоят аз ниманизомиёни мусаллаҳ доранд ва боиси ихтилофоти тоифаӣ ва нажодӣ мешаванд.

Ин масъули саудӣ афзуд: Таваққуфи ин мудохилаҳо талоши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро металабд.

 

Назарҳо