Сентябр 07, 2020 19:20 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Ироқ: Низомиёни амрикоӣ бояд аз Ироқ хориҷ шаванд

Намояндагони парлумони Ироқ бори дигар бар хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши “Ахбор-ул-Ироқ”, Муҳаммад Албилдови, намояндаи эътилофи “Фатҳ” дар парлумони Ироқ бо ишора ба ҷиноёти густурдаи Амрико дар он кишвар гуфт, иҷрои мусаввабаи парлумони Ироқ дар хусуси берун рондани низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар зарурӣ ва қатъӣ аст ва давлат бояд ин мусаввабаро амалӣ кунад.

Интисор Алмусавӣ, дигар намояндаи эътилофи “Фатҳ” дар парлумони Ироқ ҳам бо баёни ин ки бархе тарафҳои дохилӣ дар Ироқ дар масири ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ монеътарошӣ мекунанд, гуфт, тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва миллӣ дар Ироқ бар иҷрои мусаввабаи парлумон дар ин замина муттаҳид ҳастанд.

Парлумони Ироқ 5 январи 2020 тарҳи хуруҷи низомиёни Амрико аз он кишварро тасвиб кард.

Бо вуҷуди ин мусавваба, Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ пас аз сафари ахираш ба Амрико ба нақл аз Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар эълом кард, низомиёни амрикоӣ дар муддати се сол аз Ироқ хориҷ хоҳанд шуд.

Ин амалкарди давлати Ироқ дар мувоҷеҳа бо хуруҷи низомиёни амрикоӣ бо интиқоди шадиди мақомот ва намояндагони ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.

 

 

Барчасп