Сентябр 15, 2020 12:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ракетӣ ба сафорати Амрико дар Бағдод

Сафорати Амрико дар Бағдод - пойтахти Ироқ - бомдоди сешанбе ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; шабакаи "Сумерия- Ниюз"-и Ироқ эълом кард: Чандин ракет ба пойгоҳи низомии Амрико дар дохили сафорати ин кишвар дар минтақаи сабзи Бағдод исобат кардааст.

Бар асоси эъломи манобеъи ироқӣ, занги хатари сафоратхонаи Амрико дар Бағдод ба садо даромадааст.

Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз ин ҳамлаи ракетӣ мунташир нашудааст.

Нимашаби дишаб низ 2 бомб дар масири убури ду корвони лаҷестики артиши Амрико дар устонҳои "Қодисия" ва "Бобел"-и Ироқ таркид.

Ин корвон ҳомили мошинҳои зиреҳӣ ва таҷҳизоти танка буд, ки ба сурати густурдае тахриб шуданд ва оташ то муддати зиёде дар корвони низомӣ дар бузургроҳи байналмиллалӣ шӯълавар буд.

Сафорати Амрико дар Бағдод, корвонҳои низомӣ ва пойгоҳҳои низомиёни террористи амрикоӣ дар Ироқ аз ҷумла пойгоҳҳои "Алтоҷӣ" ва "Албалад" дар моҳҳои ахир чандин бор ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи неруҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин неруҳо тасвиб кардааст.

Барчасп