Октябр 22, 2020 18:44 Asia/Dushanbe

Раиси ҷараёни "Ал-Мустақбал"-и Лубнон Саъд Ал-Ҳарирӣ дар раъйзаниҳои порлумонӣ раъйҳои лозимро ба даст овард ва аз тарафи раиси ҷумҳурии ин кишвар маъмур ба ташкили кобинаи нави Лубнон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Аҳд, нахусти вазири пешини Лубнон ва раиси ҷараёни « ал-Мустақбал » дар ройзаниҳои порлумонии имрӯз ( панҷшанбе ) 65 раъй аз маҷмӯи 120 раъйи намояндагонро ба худ ихтисос дод ва бадин тартиб нахуствазири мукаллаф барои ташкили давлати оянда шуд.

Баъд аз раъйҳои намояндагон, Раиси Ҷумҳурии Лубнон «Мишел Аун », Ал-Ҳаририро фарохонд ва вайро маъмур ба ташкили кобинаи ҷадид кард.

Дар ройзаниҳои порлумонии имрӯз 65 намоянда, Саъд Ал-Ҳаририро ба унвони гузинаи мавриди назари худ муаррифӣ карданд, 53 намоянда аз ҷумлаи намояндагони фраксияи Ҳизбуллоҳ " Ал-Вафо Лилмуқавима » эълом карданд, ки шахси хосеро мадди назар надоранд ва ду намоянда низ раъй надоданд.

Чаҳоруми август инфиҷоре маҳиби бандаргоҳи Бейрутро вайрон кард, ки бар асари ин инфиҷор беш аз 190 нафар кушта ва 6500 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар пайи ин инфиҷор ва бурузи бӯҳрони сиёсӣ дар Лубнон, «Ҳисон Дияб» нахуствазири ин кишвар истеъфо кард ва Мустафо Адиб бо раъйи порлумони Лубнон ба унвони маъмури ташкили кобина дар ин кишвар интихоб шуд.

 «Мустафо Адиб» маъмури ташкили кобинаи Лубнон низ авохири сентябр аз идомаи маъмурияти худ барои ташкили давлати ҷадид дар ин кишвар инсироф дод .

Барчасп

Назарҳо