Октябр 23, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • Одисозии равобит бо Исроил ҳазинаҳои сангине барои Бин Салмон дорад
    Одисозии равобит бо Исроил ҳазинаҳои сангине барои Бин Салмон дорад

Муҳаммад бин Салмон гуфтааст, барои барқарории робита бо режими саҳюнистӣ аз Эрон, Қатар ва мардуми Арабистон метарсад.

Рӯзномаи саҳюнистии “Ҳооретс” фош кард, Муҳаммад бин Салмон дар суханоне гуфтааст, дар сурате ки Арабистон ба одисозии равобит бо Исроил даст занад, Эрон, Қатар ва мардуми Арабистон ӯро хоҳанд кушт.

Ин рӯзнома ба нақл аз Ҳайм Сабон, миллиардери исроилӣ – амрикоӣ ва дӯсти наздики Муҳаммад бин Салмон нақл кард, ки гуфтааст: ӯ наметавонад равобит бо Исроилро монанди ҳамсоягонаш одӣ кунад.

Бин Салмон таъкид кардааст, ки барқарории равобити дипломатии комил бо Исроил метавонад ҳазинаҳои сиёсии сангине дар дохили Арабистон бар ӯ таҳмил кунад.

Рӯзномаи “Ҳооретс” ба замони дидори Сабону Бин Салмон ишорае накард, аммо навишт, ки Сабон аз маъдуд демократҳое будааст, ки ба ҳангоми имзои тавофуқи одисозии равобит байни Баҳрайну Иморот бо Тел-Авив дар ин маросим ҳузур доштааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: Агарчӣ бархе аз саудиҳо аз равобити озод бо Исроил истиқбол мекунанд, аммо аксарияти қариб ба иттифоқи онҳо монанди мардуми озоди сойири кишварҳои арабӣ бо чунин иқдоме мухолиф ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп

Назарҳо