Октябр 23, 2020 20:17 Asia/Dushanbe

Ҳаракати шоҳзодаи ҷавони саудӣ баъд аз 15 соли зиндагӣ дар кома, умеди пизишконро барои бозгашти ӯ ба зиндагӣ тоза кард.

Ба гузориши “Спутник”, видеое аз шоҳзодаи 30 солаи саудӣ Алвалид бин Холид оли Сауд дар Твиттер мунташир шудааст, ки нишон медиҳад ин шоҳзодаи саудӣ пас аз 15 соли кома худро ҳаракат медиҳад.

Валид, ки ба “Шоҳзодаи хобида” маъруф аст, дар соли 2005 ҳангоми таҳсил дар колеҷи низомӣ тасодуф кард ва ба далели хунрезии мағзӣ ба кома рафту аз он ба баъд ӯ ба як дастгоҳи танаффуси маснӯӣ васл шудааст.

Замони ҳодиса пизишкон ташхис доданд, ки вай дучори марги мағзӣ шудааст, бо ин ҳол падараш умеди худро барои беҳбудии писараш аз даст надоду ҳозир ба қатъи дармон нашуд.

Валид дар соли 2005 дар пайи як тасодуф ба кома рафт

 

 

Барчасп

Назарҳо