Ноябр 24, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Фарҳон: Танҳо масъулони ҳозир дар нишаст саудиҳо ва амрикоиҳо буданд
    Фарҳон: Танҳо масъулони ҳозир дар нишаст саудиҳо ва амрикоиҳо буданд

Вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ, дидори валиаҳди Арабистон бо сарвазири режими саҳюнистиро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ Файсал Бин Фарҳон дар вокуниш ба гузориши расонаҳои саҳюнистӣ дар бораи дидори  "Муҳаммад Салмон" валиаҳди ин кишвар бо сарвазири режими саҳюнистӣ "Бенямин Натаняҳу", ҳар гуна дидор байни Муҳаммад Салмон бо мақомоти исроилиро такзиб кард.

Вазири хориҷаи Саудӣ дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: "Танҳо масъулони ҳозир дар ин нишаст амрикоиҳо ва саудиҳо буданд. 

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Ройтерз гузориш дод, ки Бенямин Натаняҳу аз додани тавзеҳ дар бораи гузориши расонаҳои саҳюнистӣ дар хусуси дидораш бо Муҳаммад Бин Салмон худдорӣ кардааст.

ИН дар ҳоле аст, ки вазири омӯзиши режими саҳюнистӣ низ дар изҳороте дидори Натаняҳу ва Бин Салмонро таъйид кард.

Торнамои рӯзномаи саҳюнистии "Ҳааретс" рӯзи душанбе навишт: "Сарвазири режими саҳюнистӣ Бенямин Натаняҳу дар сафари махфиёна ба Арабистони Саудӣ бо валиаҳди саудӣ Муҳаммад Бин Салмон ва вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео дидор кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп