Ноябр 26, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани типи низомии эътилофи Саудӣ ба артиш ва Ансоруллоҳи Яман

Нерӯҳои бригадаи шашуми посбонони марзбонии ҳукумати истеъфои Яман бо исён бар зидди эътилофи Саудӣ ба артиш ва Ансоруллоҳ пайвастанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Ал-Яманӣ», манобеи огоҳи Яман имрӯз панҷшанбе эълом карданд, ин бригадаи низомӣ аз нерӯҳои давлати мустаъфӣ « Мансур Ҳодӣ» таҳти амри Арабистон,ки эътилофи Саудӣ талош дошт онҳоро барои набард бо нерӯҳои  Ансоруллоҳ ба ҷибҳаи «Маарб» эъзом кунад, бо ин иқдом мухолифат карда ва вориди « Санъо» пойтахт Яман шудааст.

 Ба гуфтаи ин манобеъ, афсарону аъзои ин бригада пас аз барқарории тамос бо мақомот дар Санъо, ба давлати мустаъфии Ҳодӣ ва эътилофи Саудӣ пушт карданд.

 Санъо тайи рӯзҳои гузашта мизбони шумори зиёде аз нерӯҳо будааст, ки аз будан дар канори эътилофи саъудӣ ва давлати мустаъфии Яман пушаймон шудаанд. 

Арабистон‌ бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Бештар бихонед:

Барчасп