Январ 03, 2021 19:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории роҳпаймоии густарда дар шимоли Яман бо унвони \
    Баргузории роҳпаймоии густарда дар шимоли Яман бо унвони \"Вафодорӣ ба хуни шаҳидон\"

Ҳазорон яманӣ бо таҷаммӯъ дар остони "Саъда" воқеъ дар шимоли ин кишвар, роҳпаймоии пуршурро ба муносибати нахустин солрӯзи шаҳодати сардор "Қосим Сулаймонӣ" бо унвони "Вафодорӣ ба хуни шаҳидон " баргузор карданд.

Ба гузориши ИРНА, мардуми Яман аз субҳи рӯзи якшанбе, барои ҳузури густарда дар ин роҳпаймоӣ, аз нуқоти мухталиф дар шимоли ин кишвар ворид «Саъда » шуданд.

Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ дар ҳоле, ки тасовири сардор «Қосим Сулаймонӣ »-ро дар даст доштанд, шиорҳое алайҳи истикбори ҷаҳонӣ сар дода ва идомаи ҳамалоти эътилофи саъудӣ ба Яманро маҳкуми карданд.

Мардуми Яман рӯзи шанбе низ ба ҳамроҳи мақомоти ин кишвар дар маросими солрӯзи шаҳодати сардор «Сулаймонӣ » дар шаҳри Санъо ширкат карданд. 

Сардор сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ » фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва «Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис» ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ( Ал-Ҳашду Шаъбӣ) ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористии Амрико наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп