Январ 06, 2021 20:46 Asia/Dushanbe

Видеое, ки шайх Ҳамдон бин Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, валиаҳди Дубайро дар ҳоли дучархасаворӣ ва мусобиқаи суръат бо шутурмурғҳо нишон медиҳад, мавриди тавваҷуҳи корбарон қарор гирифтааст.

Ин видео нахустин бор дар сафҳаи шайх Ҳамдон мунташир ва билофосила табдил ба видеое доғ шуд ва аз замони интишор то кунун беш аз 400 ҳазор бинанда доштааст.

 Ин валиаҳди 38 сола пештар низ ба хотири худдорӣ аз истифода аз мошини Мерседес бензи гаронарзишаш пас аз он ки як паранда рӯйи шишаи ҷилӯи он ошёна сохта буд, бо тамҷиди корбарони фазои маҷозӣ рӯ ба рӯ шуда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп