Январ 23, 2021 12:45 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳои ироқӣ рӯзи ҷумъа аз панҷ ҳамла ба корвонҳои низомии Амрико хабар додаанд
    Расонаҳои ироқӣ рӯзи ҷумъа аз панҷ ҳамла ба корвонҳои низомии Амрико хабар додаанд

Расонаҳои ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани шашумин корвони низомии низомиёни Амрико дар ғарби Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, канали хабарии « Собирин » ҷумъашаб гузориш дод, ки як корвони тадорукотии мутаъаллиқ ба низомиёни амрикоӣ дар устони Салоҳуддини Ироқ ( дар маркази ин кишвар ) ҳадаф қарор гирифта ва хисоратҳое ба он ворид шудааст.

 Расонаҳои ироқӣ рӯзи ҷумъа аз панҷ ҳамла ба корвонҳои низомии Амрико дар устонҳои мухталифи Ироқ хабар додаанд, ки дар навъи худ бесобиқа аст.

 Корвонҳо ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ дар моҳҳои ахир борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд.

 Бисёре аз мардуму гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб карда аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп