Феврал 13, 2021 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Яман 80 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ниёзманди кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ кардааст
    Ҷанги Яман 80 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ниёзманди кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ кардааст

99 созмону ниҳоди ҳуқуқи башарӣ дар баёнияе муштарак бо интиқод аз идома ёфтани ҷанги Яман, таваққуфи комили фурӯши силоҳ ба режими Саудӣ ва Иморотро хостор шуданд.

Ба гузориши Ал Маёдин, ин ниҳодҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар баёния худ ҷанги шашсолаи Яманро бадтарин буҳрони инсонӣ пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум тавсиф ва эълом карданд: “дар ин ҷанги нобаробар илова бар каушта захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Яман зерсохтҳои ин кишвар низ нобуд шудааст”.

Дар баёнияи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ омадааст: “муҳосира ва ҷанги Яман, наздик ба 80 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро, ки 12 миллион нафар аз онҳо кӯдакон ҳастанд, ниёзманди кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ карда ва ин дар шароите аст, ки ба сахтӣ метавон ғизо, дору ва заруратҳои зиндагиро ба дасти онҳо расонад”.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ҳамчунин дар баёнияи худ рафъи муҳосира ва бозгушоии фаврии фурӯдгоҳи Санъо ва бандари Ал Ҳудадаро хостор шуда ва таъкид кардаанд, ки Амрико, Фаронса, Англия ва соири кишварҳои ҷаҳон бояд ҳарчӣ сареътар фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ ва Иморотро мутаваққиф кунанд.

Ба гуфтаи ин ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ, сулҳ дар Яман аз тариқи гуфтугӯҳои мустақим ва бо назорати СММ имконпазир аст.

Арабистони ‌ бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп