Феврал 14, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймоҳои саъудӣ ва аморотӣ ҳамчунон ба бомбаборони Яман идома медиҳанд
    Ҳавопаймоҳои саъудӣ ва аморотӣ ҳамчунон ба бомбаборони Яман идома медиҳанд

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман омодагии кишварашро барои таваққуфи ҳамалоти паҳподӣ ва мушакӣ дар сурати мутаваққиф шудани бомбаборони Яман аз сӯии эътилофи саъудӣ эълом кард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмаёдин,Муҳамадалӣ Алҳавсӣ гуфт: Чунончи кишварҳои мутаҷовиз бомбаборонҳоро мутаваққиф кунанд, ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии Яман мутаваққиф хоҳад шуд.

 Вай дар айни ҳол афзуд: То ин лаҳза ҳавопаймоҳои амрикоӣ,англисӣ ва аврупоии артиши Саъудӣ ва Аморот ҳамчунон ба бомбаборон идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Заифуллоҳ Ашшомӣ-вазири итилоърасонии Яман бо ибрози тардид нисбат ба эътибори изҳороти ахири Амрико дар бораи таваққуфи ҷанги Яман,бар истодагии мардуми кишвараш дар баробари таҷовуз ва муҳосира таъкид кард.

  Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико панҷшанбеи гузашта дар суханронии худ бо интиқод аз авзоъи инсонӣ дар Яман иддао кард, ки давлати ӯ талош дорад ҷанг дар ин кишварро мутаваққиф кунад ва аз тими вижаи худ дар ғарби Осиё хостааст барои оташбас дар Яман иқдом кунад.

 Эътилофи саъудӣ наздик ба шаш сол Яманро зери бомбаборону мушакборони худ гирифта ва бо муҳосираи ҳамаҷониба, гуруснагӣ ва камбуди манобеи дармониро ба мардуми Яман таҳмил кардааст ва ҳамчунон ба куштори мардуми ин кишвар идома медиҳад.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп